.

Russian Orthodox Mission Society of st. Serapion Kozheozersky

.
Русский
ru
Azərbaycan dili
az
Gjuha shqipe
sq
English
en
العربية
ar
հայերեն
hy
Afrikaans
af
Български език
bg
Cymraeg
cy
Magyar nyelv
hu
Việt ngữ
vi
Dansk
da
עִבְרִית
he
Bahasa Indonesia
id
Español
es
Íslenska
is
Gaeilge
ga
italiano
it
Қазақша
kk
Gĩgĩkũyũ
ki
中文
zh
한국어, 조선말
ko
Κurdî
ku
Кыргыз тили
ky
Latviešu
lv
Lietuvių kalba
lt
Македонски
mk
Bahasa Melayu
ms
Malti
mt
Монгол хэл
mn
Deutsch
de
Nederlands
nl
Norsk
no
język polski
pl
Português
pt
Limba română
ro
Cebuano
ceb
Српски
sr
slovenčina
sk
kiswahili
sw
Tagalog
tl
tg
ภาษาไทย
th
Тыва дыл
tyv
Türkçe
tr
اردو
ur
Ўзбекча
uz
فارسی
fa
suomi
fi
Français
fr
हिन्दी
hi
Český jazyk
cs
Svenska
sv
eesti keel
et
日本語
ja

Реквизиты для пожертвований:

41001409981867

Худои Абадй шуморо ба худ даъват менамояд.

Парвардигори олам моро, одамонро, бузургии ва сабоҳати Ўро мадҳ намудан ва бо Ў як шуда ба фарзандони абадии Худои Олам гардиданамон ба вуҷуд овард. Валеъ ба мусибати зиёда, ҷадди аввали мо аз Офаридгори Меҳрубон сар печидан ва бо Иблис алоқа бастан. Аз ҳамон дақиқа ҳамаи одамон нопок ва ба бадй мойил ба дунё меоянд, дар қалби мо бошад шайтон ҳукмронй дорад. Бинобар, ин мардум аз абадиятии ҷисм маҳрум карда шуд, баъд аз вафоташон бошад рўҳи абадиашон дар водии сиёҳ ба азоби беинтиҳо партофта мешавад. Аммо рўҳи одам дар ҳолати зиндаги ҳам касалии ҳалоҳил дорад: ақли ў Ҳақиқатро надонад, боиси он мисли гаштанй дар зимистон сарсону саргардон ва хатоҳои беҳисоб кардан маҳкум аст; иродаи ў дар гуноҳи азим ҳамчунин ниятҳои некй кардан ба вай кори мушкил аст, лекин бадиро бе заҳмат ба ҷо орад; эҳсос вайрон карда шуда ва ба ҷои некиро хуш доштан ҳам бадиро нафрат кардан, мо корҳои осебро нағз мебинем ва фойдаро инкор мекунем. Худи ҳаёти мо бемазмун: ба чизҳои нисбат аз марг нагузашта умр гузаронидан на хоҷат? Оила, фарзанд, боигарй, шўҳрат, обрў –ё ҳамаи ин бо маргй тамом намешавад? Чи ҳел чизи оддй ба рўҳи абад мақсад шавад? Не, танҳо дар Худои Тоабад ва Пурмеҳр ҳар яке аз мо наҷот ёбад. Барои ҳамин мақсад муддаои ҳаёти мо ягона шуданаш муқаррар – Худи Парвардигор.

Аммо чи ҳел ба ин расидан мумкин аст? Метавонем мо барои вохўрданй дар фалаки олам аз кишанҳои марг ва занҷирҳои макон ҳалос шудан? Барои он Худи Холиқ ба дунёи мо дахолат гардид. Вай раҳм кард ва бо мақсади наҷот кардани мо Писари Абадии Худро – Каломи Худро фиристонд. Калом – Худо ба одам гардид, айни вақт Ў Худо ҳам буд. Писари Худо Исои Масиҳ дар вобастании бо Падари Осмон Воситаи Ягонааст. Ў батамоми гуноҳҳои мардумро ба Худ гирифт, ки ба Вай эътимод кардагиён нобуд нашаванд ва умри тоабад гузаронанд.

Исои Масиҳ бо табиати инсонй дар Хоҷ ҷон таслим кард ва бо Хуни Худ моро аз гуноҳҳои гуногун, лаънат ва марги абадй халос намуд. Ў ба Вай эътимод кардаги асирҳои дўзахро ба озодй овард. Дар рўзи сеюм бошад Писари Худо Ҷисми Худро боз эҳъё кард ва эҳъёгарии умумиро сар кард. Акнун ҳукмронии марг аз болои христианон тоабад не: мо ҳам аз қабрҳои худ зинда мебароем ва бо Падари Осмон абадулабад зиндагй мекунем. Масиҳ ба шогирдони(ҳавориёни) Худ қобилияти фориғ доштани гуноҳҳои одамон ва муолиҷа кардани онҳоро тақдим кард. Баъд Рабби мо Исои Масиҳ ба фалак афрошта шуд ва ба мо роҳ кушод. Акнун Ватани мо дар жойи зиндагии Падари Бузруквори мо аст. Лекин дар замин ҳам мо танҳо нестем. Масиҳ ба мо Рўҳи Худовандро фиристонд, ки вай Мазҳаби Православиро барпо гардид. Дар он берун аз миллат, насаб, забон бо нишондоди Худо зиндаги карданро меомузанд: муқаддасу тақводор. Шахсоне ки бо қуввати Эзид дили худро пок кардаанд ба вохўрданй бо Парвардигори Олам муяссар мешаванд. Қуввати Рўҳи Муқаддаси зиндаовари христианон моро ба ҳолати таҷдид меорад, ки пас аз вафот рўҳи мо ба дўзаҳ не, балки ба осмон, ба Ҷаннати гумкардашуда равона мешаванд. Ҳамчунин аъзоҳои ҷисми ба марг маҳкумшудаи тақводорон шифои бузургро паҳн меунанд, зеро дар вуҷуди онҳо ҳаёти Худованд ҷўш зада истодааст.

Вале шарафи олй христианонро дар охири дунё поёнида истодааст. Дар давре, ки Воқеъият аз барои гунаҳҳои одамизод заиф мешавад, Масиҳ бо иродаи Падари Худ ҳам ҳамроҳии авлиёҳо Ба Замин мегардад. Оташи Рўҳи Муқаддас Воқеъиятро месўзонад. Баъд Парвардигор дунёи дигарро эъҷод менамояд, ки дар он на бади, на чирк ва на марг бояд шуд. Писари Худо тамоми мардумро аз нав зинда мекунад. Тақводорон бамисоли Офтоб метобанд, чунки дар дили онҳо аз тарафи Мазҳаби Православй Худованд қувваи зиёда дода пинҳон карда шудааст, гунаҳкорон бошад дар зимистони сиёҳ мебошанд. Фариштаҳо ба болои абр христианонро ба вохурй бо Масиҳ мебаранд ва мо бо Вай дар Подшоии абадии Парвардигор зиндаги мекунем, гунаҳкорон бошад ба Маҳкама меоянд. Дар ҳамин вақт Исои Масиҳ дар асоси амалҳои мо қарори муқаррар пешниҳод барорад. Гунаҳкорон ва Масиҳро қабул накардагон, тоабад ба оташи бенур партофта мешаванд ва дар он ҷо фақат оби дида ва азоби бениҳоя ҳукмрон аст.

Ҳатто ҳозир ҳам дер не, ки Парвардигори Олам тамоми одамизодро, тамоми миллатҳоро дар пеши Он ба тавба кардан, Халоскори Ягона– Исои Масиҳро тан гирифтан ва ба Мазҳаби Православи Ягонаи Ў дохил шудан даъват мекунад. Ин гуна амалро чи хел ба ҷо овардан мумкин? Яккумин, эътиқоди православро қалбан қабул кардан зарур аст. Ў акси худро дар Рўҳи Муқаддас ва Рамзи эътимод ёфтааст. Дуввум, барои корҳои бади амалкарда тавба-тазаррў карданаш лозим. Рўйхати муҳтасари амалҳои бади Парвардигор таъқиқнамударо пешниҳод менамоем:

Ман Худо, Рабби ту астам,дар пеши Ман язди дигарро насоз.

Гуноҳ: даҳригй, таълимотҳои дурўғ, коммунизм, ҷодугарй, ба фолбинй ва табибон рафтан, мунаҷҷими(дар он ҷумла ба ҷадвалҳои мунаҷҷимон эътимод кардан), ба фирқа аъзо будан, такаббур, лофзанй, амалпарастй, худбинй, шўҳратпарастй.

Буту санам насоз, ба онҳо саҷда накун.

Гуноҳ: бутпарастй, рўҳ ҷеғзанй, ба ҷинҳо қурбонй кардан, рамл андохтан, лаганбардорй, молпарастй.

Номи Худовандро, Рабби туро, беҳуда талаффуз накун.

Гуноҳ: таҳқир (таҳқир ва масхара кардани жойҳои муқаддас), ҳақорат кардан (ба номи шайтон ҳақорат кардан), беҳурматй ба Инжил: ҳар рҳза ўро нахондан.

Рўзи шанбаро ёд дор; шаш рўз меҳнат кун , ҳафтум рўз- шанбаро ба Худо, Рабби худ супор.

Гуноҳ: ибодати рўзи шанбаро қазо кардан, рўзҳои идона кор кардан, тегинхўрй, парҳез накардан.

Падару модарро ҳурмат кун.

Гуноҳ: ҳақорат кардани падару модар, онҳоро ҳурмат накардан ва дар ибодат онҳоро ёд накардан, ҳокиму пешвоъро ҳақорат кардан, беҳурматй ба калонсолон ва устозон.

Накуш.

Гуноҳ: куштор, аборт кардан, ҷаҳл, ҳақорат кардан, такаббур, нафрат, ғазаб.

Зинокорй макун.

Гуноҳ: занокории марду зан, алоқаи ҷинсии беникоҳ, гомосексуализм, онанизм, тамошо кардани порнография.

Надузд.

Гуноҳ: дузди, роҳзанй, фиребгарй, судхўрй (ба эвази фоиз пул додан), ҳирс.

Гувоҳии дурўғ нате.

Гуноҳ: гувоҳии дурўғ додан, дурўғ гап задан, туҳмат кардан, овоза кардан, хиёнат, фиреб.

Амволи касро нахоҳ.

Гуноҳ: ҳасад кардан, аз ҳолати худ норизо будан, ҳасрат кардан.

Агар шумо дар гуноҳҳои шумурдашуда тавба карда бошед, ба Ибодати Таъмид гузаштанатон даркор. Дар Он тамоми гуноҳҳои одам баҳшида мешаванд ва ў ба Худи Худо фарзанд мешавад. Барои он ба яке аз ибодатхонаи Мазҳаби Православ омада бо руҳонй вохўрда аз он кас Ибодати Таъмид гузарониданро илтимос кардан даркор. Одатан Таъмид дар ҳолати гуруснагй қабул мешавад, барои бо Парвардигор дар Причастие (нону шароби табаррукии калисо— Сири Ҷисми ва Хунни Исои Масиҳ) вохўрдан аз нимшаб чизе намехўранд ва наменўшанд.

Барои мутолиакунандагон дар Таъмид аз нав ба дунё омаданашонро ва халос шуданашонро майл дорем. Шитобед, чунки дер мондан мумкин: баъд аз марг гуноҳи касе авф намешавад.

ruРусский
azАзербайджанский
sqАлбанский
enАнглийский
arАрабский
hyАрмянский
afАфрикаанс
bgБолгарский
cyВаллийский
huВенгерский
viВьетнамский
daДатский
heИврит
idИндонезийский
esИспанский
isИсландский
gaИрландский
itИтальянский
kkКазахский
kiКикуйю
zhКитайский
koКорейский
kuКурдский
kyКыргызский
lvЛатышский
ltЛитовский
mkМакедонский
msМалайский
mtМальтийский
mnМонгольский
deНемецкий
nlНидерландский
noНорвежский
plПольский
ptПортугальский
roРумынский
cebСебуано
srСербский
skСловацкий
swСуахили
tlТагальский язык
tg
thТайский
tyvТувинский
trТурецкий
urУрду
uzУзбекский
faФарси
fiФинский
frФранцузский
hiХинди
csЧешский
svШведский
etЭстонский
jaЯпонский



© Russian Orthodox Mission Society of st. Serapion Kozheozersky
write us